ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июн, ҷумъа, 180-умин рӯзи соли 2024 аст
28 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
***
28 июни соли 2012 ҳайати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 8 – уми тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Қошғар иштирок намуд. Дар намоишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон молу маҳсулоти 100 ширкати фаъолияташон гуногун ба маърази тамошо гузошта шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба тасвиб расид.
***
28 июни соли 2015 дар марҳилаи аввали мусобиқоти Лигаи миллии футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ, чемпиони мамлакат «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ «Вахш-»и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 5 бар 0 мағлуб намуд.
***
28 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» шинос шуданд. Дар инҷо Сарвари давлат нахуст аз сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд. Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» то ин замон аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа дониста мешавад.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари корӣ дар мамлакати мо қарор доштанд, бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Баҳор», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.
***
28 июни соли 2022 дар Қасри миллат музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид. Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
28 ИЮН:
Дар Қазоқистон — Рӯзи кормандони алоқа ва иттилоот.