ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июн, чоршанбе, 157-умин рӯзи соли 2024

Июнь 5, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2012 дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат ба таври муфассал баррасӣ шуд.

***

11 сол пеш, 5 июни соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба шаҳри Атамуроди Туркманистон сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд.

***

5 июни соли 2013 доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид.

***

5 июни соли 2016 паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон пешниҳод гардид.

***

Соли 2020 дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони якчанд муассисаи соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст дар кӯчаи Дӯстии халқҳо ва Муассисаи томактабӣ барои 600 кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш аз наздик шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021  Муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақси Сомон» дар Боғи «Устод Рӯдакӣ», бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар Боғи «Ирам», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар Боғи «Кӯли ҷавонон», шаҳри Хоруғ дар Боғи «Абулқосим Фирдавсӣ» ва Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар «Майдони 800- солагии Москва» барномаи фарҳангиро манзури сокинону меҳмонони пойтахт  гардонданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 байни  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

5 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист (аз соли 1972).

***

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.

Июнь 5, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш