ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 июн, якшанбе, 161-умин рӯзи соли 2024

Июнь 9, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2013 Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шахси президенти он Рустами Эмомалӣ ва Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (АФЯ) дар шахси муовини президенти он Козо Ташимӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд.

*** 

9 сол пеш, 9 июни соли 2015 дар «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид  ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 баргузор гардид. Барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон омаданд.

***

9 июни соли 2016  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармонҳо «Дар бораи барҳам додани Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд. Фармонҳо барои дар амал татбиқ намудани муқаррароти наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии мамлакат ворид карда шудаанд, равона гардиданд.

***

Дар ин рўзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотири хизматҳои Қаҳҳор Маҳкамов ва барои баёни тасаллият  ба хонаи ӯ рафтанд. Қаҳҳор Маҳкамов, ходими намоёни давлатӣ нимаи дуюми  8 июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт.

***

7 сол пеш, 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти самимӣ доир намуданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро барои такроран ба маснади Раиси ҷумҳурӣ интихоб шуданашон табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ӯ минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносиботи шарикию стратегии ду давлат  талош хоҳад кард.

***

9 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони  Тоҷикистон ва Узбекистон бо кори худ оғоз намуд.

***

Соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба ташрифи навбатии меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев намоишгоҳ дар мавзуи «Тоҷикистон — Узбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ифтитоҳи он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

9 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии аккредитатсия.

***

Рӯзи байналмилалии дӯстон.

***

Рўзи байналмилалии бойгонӣ.

Июнь 9, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст