ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, якшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2026 аст

Ноябрь 29, 2026 08:00

29 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд.

***

29 ноябри соли 2016  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

29 ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ба  Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

29 ноябри соли 2022 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он ҳисобот оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» шунида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати дарҳои кушод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор  шуд. Дар доираи форум Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти Свердловски Федератсияи Русия оид ба амалисозии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника ва иҷтимоиёту гуманитарӣ ба имзо расонида шуд.

29 НОЯБР:

Дар Русия – Рӯзи модар.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони ташкилоти мудофиавӣ-варзишию техникӣ.

РӮЙДОДҲО:

29 ноябри соли 2008 дар Давлати Қатар барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни Телевизиони иттилоотии Тоҷикистон – «Ҷаҳоннамо» ва телевизиони овозадори «ал-Ҷазира»-и Давлати Қатар мувофиқаҳо ҳосил шуданд. Тибқи онҳо, телевизионҳои «Ҷаҳоннамо» ва «ал-Ҷазира» барои омода кардани кадрҳои ҷавон ва мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамкорӣ менамоянд.

***

29 ноябри соли 2016  хонандаи тоҷик соҳиби Шоҳҷоизаи 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC Grassroots Charter – Gold Level Membership), ки баландтарин эътирофи дастовардҳои ассотсиатсияҳои миллӣ дар рушди футболи оммавӣ мебошад, сазовор дониста шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1899 клуби футболи «Барселона» созмон дода шуд.

***

Соли 1942 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои фурӯш ва истеъмоли қаҳва меъёр муқаррар гардид.

***

Соли 1990 Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҳолати озод накардани Кувайт истифодаи силоҳро бар зидди Ироқ зарур шуморид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дилбар Қосимова – соли 1936 – ҳунарпешаи синамои тоҷик, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва ИҶШС (1959). Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1960).

***

Кароматулло Қурбонов – соли 1961  – овозхони тоҷик, мусиқидон ва оҳангсоз, сарояндаи Ансамбли давлатии созӣ-овозии «Гулшан», Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.

Ноябрь 29, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш