ТАБИАТ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД. Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил гардид

Июнь 5, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист 4 июн дар вилояти Хатлон  ҳамоиш доир гардид, ки дар он  хонандагони муассисаҳои вилоят дар гӯшаҳои табиат мусаввараҳо, гулу буттаҳо ва дастовардҳояшон дар самти коҳиши тағйирёбии иқлим ва беҳдошти муҳити зистро ба маърази тамошо гузоштанд, иитилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз 52 сол қабл аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 5 июн бо мақсади ҳушдор додани инсоният аз зуҳури муаммоҳои экологӣ ва ба хотири мусоидат ба беҳдошти вазъи муҳити зист Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист эълон гардид. Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар Тоҷикистон аз соли 2000 оғоз гардида, таҷлили он сол ба сол дар қаламрави мамлакат бо иштироки доираи васеи ҷомеа шукуҳу шаҳомати хосса касб менамояд.

Гуфта шуд, ки табиат бо инсон пайванди ногусастанӣ дошта, дар ҳаёти инсон нақши муҳим дорад. Ҳифзи муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд буда, барои тозаву озода нигоҳ доштани он ҳар сокини мамлакат вазифадор мебошад.

Бояд гуфт, ки риоя намудани талаботи қонунгузории ҳифзи табиат бисёр организмҳои зиндаро аз вазъият ва хатари нобудшавӣ эмин дошта, мувозинати табиатро таъмин намуда, боиси рушди устувор дар ҷомеа ва табиат мегардад.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Июнь 5, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!