ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Норак 61 адад техникаи муосири кишоварзӣ дастрас гардид

Июнь 22, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Норак  беш аз 60  адад техника ва мошинтаҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла 28 шудгоркунаки дастӣ (мотобулок) 3 трактори шудгоркунанда МТЗ-82, 30 ва алафдараваки муҳаррикдор дасрас гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.

Таъмини хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Норак бо техника ва мошинтаҷҳизоти кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар доираи  «Лоиҳаи дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» амалӣ гардидааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии кишоварзон зери таваҷҷуҳи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку ҳидоятҳояшон соҳа  беш аз пеш  рушд   меёбад. Ин аст, ки  яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат -таъмини амнияти озуқаворӣ зина ба зина таъмин гардида истодааст.

АКС: Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Июнь 22, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид