ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони ноҳияи Фархор дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ мегузаронанд

Июнь 24, 2024 12:00

ФАРХОР, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Фархор бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва руёнидани ду — се ҳосил аз он тадбирҳои муассир меандешанд. Бо ин мақсад имрӯзҳо тамоми техникаи кишоварзиро ба ҷамъоварии ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ сафарбар намуда, дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ мегузаронанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Фархор нисбат ба дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гармтар буда, дар ин ноҳия кишоварзон корҳои саҳроиро 15-20 рӯз пештар оғоз менамоянд. Маҳсулоти кишоварзӣ бошад барвақттар пухта мерасад. Айни замон бо истифода аз техникаҳои мавҷуда ва шароити хуби муҳайёгардида, дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ ҷамъоварии ғалладонагӣ вусъат ёфта, ҳар рӯз беш аз 80-100 гектар замини ғалла дарав карда мешавад.

Тавре сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Фархор Муҳаммадшариф Намозов иттилоъ дод, «аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминҳои корами лалмӣ ғалладонагӣ ва зироати техникӣ коридаанд. Номусоидии обу ҳаво ба ҳосилнокии ғалладонагӣ таъсири манфӣ нарасонида, кишоварзон ҷамъоварии ҳосили фаровонро интизоранд. Хоҷагидорон тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ парвариш намуда, айни замон нашъунамои зироат хуб аст».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, рӯзҳои наздик ҳосили помидору қаланфур ва полезӣ ба бозор бароварда шуда, дар заминҳои аз ғалладонагиҳо холишуда кишти такрорӣ гузаронида мешавад.

Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Фархор имсол кишоварзон бо саъю талош аз иҷрои нақшаи дурнамои маҳсулоти кишоварзӣ бо сарбаландӣ мебароянд, ки ин натиҷаи дастрасӣ ба техника ва тухмиҳои хушсифату таъмини саривақтии оби полезӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид