ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони ноҳияи Рашт зиёда аз сад фоиз нақшаи дурнамои кишти картошкаро иҷро карданд

Июнь 19, 2024 18:22

РАШТ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Рашт зиёда аз сад фоиз нақшаи дурнамои кишти картошкаро иҷро намуданд. Ҳамчунин сокинони ноҳия баҳри самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар майдони 1850 гектар картошкаи барвақтӣ кишт намудаанд. Имрӯзҳо дар қисматҳои баландкӯҳҳои ноҳия дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти картошка идома дорад.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд, то имрӯз картошкапарварон дар 1603 гектар кишти картошка гузаронданд, ки зиёда аз 100 фоизи нақшаи кишти картошкаро дар сохтори кишоварзии ноҳия ташкил медиҳад.

Мувофиқи иттилои кормандони шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт, имсол 90 фоизи деҳқонони ноҳия навъи картошкаи «Тоҷикистон-24»-ро кишт намуданд. Ин навъи картошка ба муҳити ноҳия созгор буда, ҳосили фаровон дорад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 95 тонна картошка тариқи бозгашт ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия кумак намудааст.Имсол барои кишти саривақтии картошка 420 техника ва мошинолоти кишоварзӣ сафарбар шудаанд, ки дар натиҷа аввалин шуда, ҷамоатҳои деҳоти Ҷафр 103%, Тагоба 104% ва Оби меҳнат 100% нақшаро иҷро намуданд.

Бояд гуфт, ки картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзони ноҳияи Рашт мебошад, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзунгардидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши муҳим дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 19, 2024 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст