ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони ноҳияи Рашт зиёда аз сад фоиз нақшаи дурнамои кишти картошкаро иҷро карданд
РАШТ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Рашт зиёда аз сад фоиз нақшаи дурнамои кишти картошкаро иҷро намуданд. Ҳамчунин сокинони ноҳия баҳри самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар майдони 1850 гектар картошкаи барвақтӣ кишт намудаанд. Имрӯзҳо дар қисматҳои баландкӯҳҳои ноҳия дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти картошка идома дорад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд, то имрӯз картошкапарварон дар 1603 гектар кишти картошка гузаронданд, ки зиёда аз 100 фоизи нақшаи кишти картошкаро дар сохтори кишоварзии ноҳия ташкил медиҳад.
Мувофиқи иттилои кормандони шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт, имсол 90 фоизи деҳқонони ноҳия навъи картошкаи «Тоҷикистон-24»-ро кишт намуданд. Ин навъи картошка ба муҳити ноҳия созгор буда, ҳосили фаровон дорад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 95 тонна картошка тариқи бозгашт ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия кумак намудааст.
Имсол барои кишти саривақтии картошка 420 техника ва мошинолоти кишоварзӣ сафарбар шудаанд, ки дар натиҷа аввалин шуда, ҷамоатҳои деҳоти Ҷафр 103%, Тагоба 104% ва Оби меҳнат 100% нақшаро иҷро намуданд.
Бояд гуфт, ки картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзони ноҳияи Рашт мебошад, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзунгардидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши муҳим дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






