ТАШАККУЛИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои директори Агентии хизмати давлатӣ дар ин хусус

Июнь 24, 2024 16:02

ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002   23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст. Ҳамасола давлатҳои узви Созмон дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми онро  дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳо  арзёбӣ мекунанд, хизматчиёни давлатии муваффақ қадрдонӣ карда мешаванд. Вобаста ба ин сана директори Агентии хизмати давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст, чунин ибрози назар кардааст:

— Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбати қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

Эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим ва арзишманд буда, барои  баланд бардоштани тафаккури ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, қонуният, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ асоси воқеӣ мегузорад.

Хизмати давлатӣ ин фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ мебошад, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар гардидааст.

Ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ бо раванди таҳкими Истиқлоли давлатӣ пайвандии ногусастанӣ дорад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати созандаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла, масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 сарчашмаи ташаккул ва таҳкими идоракунии давлатии муосир ва хизмати давлатии касбӣ дониста мешавад.

Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробарро кафолат медиҳад.

Меъёри мазкур ба талаботи моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мувофиқат мекунад, ки дар он муқаррароти «Ба ҳар як шаҳрванд дар мамлакати худ бояд бе ҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос тибқи шарту шароити барои ҳама баробар ҳуқуқу имконияти иштирок дар хизмати давлатӣ дода шавад» пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон принсипҳои асосии хизмати давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нахустин маротиба аз 13 ноябри соли 1998 ва дар таҳрири нав аз 5 марти соли 2007 қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Дар асоси онҳо зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла, оид ба танзими мансабҳои давлатӣ, талаботҳои тахассусӣ, дастурамалҳои мансабӣ, одоби хизматчии давлатӣ, ташкил ва баргузории озмунҳо, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, аттестатсияи онҳо, кор бо захираи кадрҳо, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда ва амсоли инҳо қабул гардида, масъалаҳои тарбия, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ ва дар маҷмӯъ идоракунии захираҳои инсонӣ пурра муқаррар гардиданд.

Марҳилаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо менамуд, ки хизмати давлатӣ ҳамчун ниҳоди кадрсозӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар байни давлат ва ҷомеа бояд аз ин бештар нақши васлкунанда дошта, барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ, баромадан аз ҳолатҳои буҳронӣ ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

Дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январи соли 2001 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, минбаъд бо мақсади баланд бардоштани мақом ва нақши он  дар идоракунии хизмати давлатӣ 13 ноябри соли 2013 ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Дар амалигардонии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, Барномаи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 ва Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 тасдиқ карда шудаанд, такони нав бахшиданд.

Бо мақсади ташаккули низоми хизмати давлатӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири сеюм), аз 10 марти соли 2016, Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (таҳрири чорум),  аз 19 июли соли 2019, Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири дуюм), аз 22 июли соли 2019, Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири дуюм) қабул карда шуданд.

Ба ғайр аз ин,  ҷиҳати таҳким бахшидани иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ тавассути истифодаи роҳу усулҳои муосири интихобу ҷобаҷогузории дурусти ҳайат, муайян намудани самаранокии саҳми хизматчии давлатӣ дар татбиқи вазифаҳои мақоми давлатӣ аз тариқи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ, таъмини болоравии мансабии хизматчии давлатӣ силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар робита ба роҳандозии василаҳои кадрӣ таҳия, тасдиқ ва амалӣ карда шуданд.

Барои амалисозии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизмати давлатии ҷумҳурии мо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкории судманд роҳандозӣ карда шуд. Тӯли солҳои 2007-2016 ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ амалӣ гардид. Дар баробари мусоидат дар ташкили хизмати давлатии касбии Тоҷикистон ва расонидани кумакҳои техникӣ, омӯзиш ва табодули таҷрибаи давлатҳои дар самти хизмати давлатӣ пешрафта, аз ҷумла, бо ташкили сафарҳои хизматии мутахассисони соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон таҷриба гардид.

Дар доираи ҳамкории байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо сохторҳои соҳаи хизмати давлатии мамлакатҳои хориҷӣ дар солҳои 2009-2024 дар самти таҳсил ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Аз ҷумла,  аз соли 2009 инҷониб дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола ва дусола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, то соли 2023 1078 (зан-294) нафар хизматчии давлатӣ, аз ҷумла, аз мақомоти марказӣ 581 (зан-148) нафар ва аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 497 (зан-146) нафар, аз он 64 (зан-20) нафар корманди мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот магистратураро хатм намудаанд.

Ҳамзамон таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо мусоидати Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар зинаи магистратураи яксола ва дусола низ ба роҳ монда шуда, 13 нафар хизматчии давлатии Тоҷикистон давоми солҳои 2011-2023 ин академияро хатм намудаанд.

Дар баробари ин дар доираи ҳамкории байналмилалӣ солҳои 2009-2023 121 (зан-23) нафар намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон фиристода шуда, аз онҳо 90 (зан-15) нафар таҳсилро хатм намуда, таҳсили 31 нафар идома дорад.

Ташаккули низоми хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон ба се марҳилаи асосӣ ҷудо мегардад:

-солҳои 1991-1998-давраи гузариш аз низоми хизмати давлатии шуравӣ ва поягузории хизмати давлатии Тоҷикистон;

-солҳои 1998-2007-давраи ташкили хизмати давлатии Тоҷикистон;

-солҳои 2007-2024-давраи ислоҳот ва рушди хизмати давлатии Тоҷикистон.

Имрӯз қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шабеҳ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бартарӣ дорад. Самтҳои асосии фаъолияти хизмати давлатии Тоҷикистон ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мувофиқат мекунанд.

Таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мебошад.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2024,  дар мақомоти давлатӣ 18260 нафар хизматчии давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти марказӣ 11913 нафар (занон 2899 нафар ё 24,3 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3478 нафар (занон 1081 нафар ё 31 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2869 нафар (занон 586 нафар ё 20,4 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4566 нафар ё 25 фоизро ташкил дода, аз 5915 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1147 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8765 нафар (48 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунанда 1594 нафар (26,9 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.

Хулоса кардан мумкин аст, ки ниҳоди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлоли ташаккул ёфта, ҳоло ҳам дар марҳилаи пешрафт қарор дорад. Вале рушди ҷомеа, падидаҳои мураккаби ҷаҳони  муосир дар назди хизмати давлатӣ ва хизматчии давлатӣ вазифаҳои нав ва пурмасъулиятро гузоштааст, ки аз иҷрои онҳо рушди устувори ҷомеа, баландшавии сатҳ ва сифати зиндагии мардум вобаста аст.

Дар яке аз ҳидоятҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат нафақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад».

Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати худро дарк намуда, таҳти сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва халқи Тоҷикистон барои пешрафту шукуфоии мамлакати азизамон содиқона хизмат хоҳанд кард.

Июнь 24, 2024 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
«ШИРКЕНТ»-И НОМДОР. Дар ин истироҳатгоҳ зиёда аз 1000 нафар таътили тобистонаро бофароғат гузарониданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Омӯзгори ташаббускор Намозалӣ Ашуров аз Восеъ дар кишоварзӣ ҳам мувафақ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Гурҷистон ва Арманистон мубодилаи донишу таҷриба менамоянд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар ноҳияи Нуробод бо сокинон вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор дар назар аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар минтақаи Искандаркӯл давраи омӯзишии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» гузаронида шуд
Барои ҷавонони Тоҷикистон мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ ташкил карда мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН. Бо сокинону фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ доир шуд
12 ИЮЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ТӮФОНИ РЕГУ ЧАНГ. Дар Тоҷикистон тибқи Барномаи «Мамлакати сабз» то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад