ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 300 хонанда ба истироҳати бофароғат фаро гирифта мешавад

Июнь 24, 2024 16:38

НОРАК, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар шаҳри Норак истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Офтобак» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар басти якуми он  100 нафар кӯдаку наврас аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Тибқи иттилои раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Норак Аслия Сафарзода, истироҳатгоҳи «Офтобак»  соли равон дар се баст фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи пешбинишуда, дар он бояд 300 нафар кӯдаку наврас ба фароғат фаро гирифта шаванд. Дар басти аввал 100 нафар кӯдаку наврас ҷалб гардиданд, ки бо чор вақт хӯроки гарм таъмин буда, ба онҳо беҳтарин мураббияҳо машғулиятҳои тарбиявию фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ мегузаронанд.

Мутахассисони шуъбаи маорифи шаҳри Норак иброз доштанд,  ки то имрӯз дар истироҳатгоҳҳои наздимактабии шаҳри Норак 2260 нафар наврас ба истироҳат фаро гирифта шуданд ва мувофиқи нақша,  бояд дар назди муассисаҳои томактабӣ 2220 нафар, дар назди марказҳои зертобеи шуъбаи маориф 1490 нафар, дар назди мактабҳои варзишӣ 970 нафар ва дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ 535 нафар ба истироҳати тобистона ҷалб гарданд.

Ба истироҳатгоҳи «Офтобак» дар навбати аввал кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, хонандагони қобилиятнок ва фарзандони кормандони соҳаҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо масъулини иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба истироҳат ҷалб мегарданд.

Барои хубу хотирмон гузаштани таътили тобистона мураббиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» ғайр аз машғулиятҳои варзишӣ, аз қабили оббозӣ, шашкаю шоҳмот, футбол, волейбол ва тенниси рӯйи мизӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» ва хондани сурудҳо дар васфи Ватан-Модар доир намуда, хотири истироҳаткунандагонро болида месозанд.

Мураббиён ва мутассадиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» мақсад гузоштаанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона бо як ҷаҳон таассуроти неку фаромӯшношуданӣ ба хона, назди волидонашон баргарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад