ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Лагери дараи Камароби ноҳияи Рашт 150 хонандаро дар се давр ба истироҳат фаро мегирад

Июнь 19, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт лагери истироҳатӣ барои мактаббачагон ба фаъолият оғоз намуд. Дар лагери мазкур 150 хонанда дар се давр ба истироҳат фаро гирифта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Дар маросими кушодашавии истироҳатгоҳ Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бофароғат гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муассир андешида, ташкили лагерҳои мактаббачагон дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароити муосир таъмин, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

«Шумо дар ин ҷо таътили тобистонаро бофароғат гузаронида, бо неруи тоза ба соли нави хониш омодагӣ дида, ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар мактаб бояд бо дониши хубу аъло таҳсил намоед. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, насли наврас бояд барои аз худ намудани дониш ва касбу ҳунар аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи таҳсил истифода барад. Фардои дурахшони Тоҷикистон аз хубу аъло хондани шумо дар мактабу донишгоҳу донишкадаҳо ва дар оянда мутахассисони баландихтисос шуданатон вобастагӣ дорад»,- афзуд Зарина Идизода.

Дар истироҳатгоҳ утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ба талаботи имрӯз мутобиқ гардонида шуда, баҳри босамар гузаштани вақти хонандагон баргузории ҳар гуна бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани онҳо ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кӯдакон ва наврасон қарори дахлдор ба тавсиб мерасад.

Хотиррасон мешавем, ки 27 феврали соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» ба тавсиб расид, ки дар асоси он дар мамлакат барои хонандагон истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва наздимактабӣ ташкил гардидааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 19, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд