Тавсеаи ҳамкорӣ дар самти саноат ва иқтисоди «сабз» байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид

Июнь 3, 2024 08:38

ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Насимҷон Анваров бо мушовири Директорати генералии ҳамкории байналмилалии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Ҳенрик Ҳололей тавсеаи ҳамкорӣ  дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, энергетика, нақлиёту логистика ва муҳити зист байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ меҳисобад.

Ҳамзамон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ҳенрик Ҳололей дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди давлат муваффақ арзёбӣ карда, омодагиашро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баён намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои минбаъд густариш додани ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2024 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд