То 1 апрел дар вилояти Хатлон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 2762 иншоот ба истифода дода шудааст
ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ховалинг бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳолати 1 апрел тибқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 2762 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 2 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Инчунин раиси вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ховалинг бо рафти кишт шинос шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






