Тоҷикистон ва Қатар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори рушд ва татбиқи лоиҳаҳои ширкати қатарии «Диёр» дар Тоҷикистон Ид ал-Каҳтанӣ ва директори иҷроияи ширкати саҳомии Urbacon Trading & Contracting (UCC) Жан Элиас Акарӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рафти суҳбат идомаи раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳо дар бахши сохтмон ва рушди зерсохтори шаҳрӣ дар тавсеа ва таҳкими робитаҳои ду мамлакати дӯст нақши муассир мебозад.
Зимни мулоқоти сафир бо роҳбарияти ширкати саҳомии Urbacon Trading & Contracting ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва биносозӣ баррасӣ гардида, роҳҳои тавсеаи робитаҳои соҳибкорони ду мамлакат дар самти сармоягузории лоиҳаҳои марбут ба зерсохтори саёҳӣ, инчунин истифодаи зарфиятҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъкид гардиданд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами соҳибкорони соҳавии Тоҷикистону Қатарро ҷиҳати баррасии самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ зарур шумориданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






