ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Дар натиҷаи ҳамкорӣ танҳо дар панҷ соли охир беш аз 10 лоиҳаи муштарак амалӣ гардид

Июнь 23, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳамкории судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Чин танҳо дар панҷ соли охир дар мамлакат беш аз 10 лоиҳаи муштарак, аз ҷумла, сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, фабрикаи ресандагии Ҷунтай — Данғара — Синсилу текстил, Корхонаи металлургӣ дар вилояти Суғд, Корхонаи сементи Хуаксин Ғаюр-Суғд Семент, Нақби роҳи оҳани Ваҳдат—Ёвон ва корхонаҳои фториди алюминию криолит ба анҷом расида, онҳо фаъолияти пурсамар доранд. Чунин изҳор намудааст коршиноси Маркази тадқиқотӣ стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Иброҳимзода дар мақолаи худ, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба давра ба давра ба манфиати тарафайн инкишоф ёфта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирад. Имрӯз муносибатҳои дӯстонаи сарони мамлакатҳо гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкории ояндадор мебошад.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкими ҳамкории муштараки иқтисодӣ бо шарикони стратегии хориҷаи дуру наздик, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ки яке аз аввалинҳо шуда, истиқлоли мамлакатамонро эътироф кардааст, муносибатҳои дипломатӣ 4 январи соли 1992 ба роҳ монда шуд.

Сипас Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе 13 марти соли 1992 кушода шуда, дар Пекин низ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ гардид. Бо мақсади таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои дипломатӣ байни ду мамлакат комиссияи байниҳукуматӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз хеле самаранок фаъолият менамояд.

Саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҳкими рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ ва сармоягузорӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад.

Дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 20-23 августи соли 2023 маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи умумии беш аз 400 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба имзо расид. Санадҳои имзошуда бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои химия, мошинсозӣ, логистика ва ғайра амалӣ карда мешаванд.

Тибқи талаботи бозори муосири ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва татбиқи санадҳои муҳимми стратегӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои дар ин сафар батасвибрасида беш аз 880 миллион доллари ИМА ҷалб карда мешавад.

Бо дарназардошти он, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бисёр лоиҳа ва шартномаҳои дуҷонибаи манфиатовар мавҷуданд, аммо имзои шартномаҳои дар натиҷаи сафари Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин пурсамартарин созишномаҳои иқтисодӣ дар самти ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо ба шумор мераванд. Чунин амалҳо дар рушди иқтисодии дуҷониба хеле муассиранд ва дар соҳаи иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсирбахш ва муҳим арзёбӣ мегарданд.

2 ноябри соли 2023 дар Форуми иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодии ҳамкорӣ ва бо мақсади густариши ҳамкорӣ вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар доираи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии минтақа, татбиқи лоиҳаҳои муштараки технопаркҳо, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои муосир, ҳамчун иқтисодиёти «сабз», сода кардани расмиёти тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетика ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни соҳибкорони ҳар ду ҷониб 25 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз ҳамкории судманди ду мамлакат далолат менамояд.

ДАР АКС: Ҷадвали 1. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

Дар асоси маълумоти оморӣ, соли 2023 тиҷорати хориҷии давлатҳо 24 дарсад афзуда, дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар ҷойи дуюм мебошад. Ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019—ум 14,6% – ро ташкил дод. Аммо дар соли 2020, бо сабаби паҳншавии пандемияи «COVID—19» ва баста шудани марзҳои давлатии кишварҳо, ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ то 10,4% коҳиш ёфта, дар соли 2021—ум 13,2%, соли 2022—юм 16,6%, соли 2023 18% афзоиш ёфта, танҳо соли 2023 ҳиссаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21,6% зиёд шудааст. Сол то сол ҳиссаи гардиши тиҷорати маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин меафзояд, ки дар ҷадвали 1 возеҳ нишон дода шудааст.


Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар рушди соҳаи истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон (истихроҷи тилло, нуқра, ангишт, филлизотӣ қимматбаҳо ва ғайра) фаъолона иштирок мекунад. Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштсанг, оҳан, сурма, фосфор ва фуллизоти нодирро ба роҳ мондааст. Бо ҳамкории ширкатҳои дуҷониба корхонаҳои коркарди семент низ фаъолият менамоянд, ки бозори ватаниро таъмин ва то ҳадди имкон ба бозори минтақа ва ҷаҳонӣ содирот менамоянд.

Ҷалби сармояи хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин назаррас буда, танҳо ба маблағи 3 миллиарду 252 миллион доллари ИМА (ин 29,5 дарсади тамоми сармоягузориҳои мамлакатро ташкил медиҳад), ки ба соҳаҳои гуногун равона карда мешаванд, аз ҷумла: алоқа, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, таҳқиқоти геологӣ ва истихроҷи маъдан, насби таҷҳизоти технологӣ, саноат, сохтмон ва дигар навъҳои хизматрасонро метавон иброз намуд. Танҳо дар соли 2021 Чин беш аз 211,4 миллион доллари ИМА ё 61,8 дарсад сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакатро ворид намудааст.

Истифодаи долонҳои «Як камарбанд, як роҳ» аз ҷиҳати кам кардани масофа ва коҳиш додани хароҷоти нақлиёт самараноктар буда, долони мазкур қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути роҳи нақлиёти автомобилгарди Қалъаи Хумб-Ванҷ мепайвандад, ки ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ метавонад барои ҳамлу нақли молу маҳсулот мусоидат намояд.

Масъалаҳои рушд ва пешбурди гузариши байналмилалии транзитӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми бор ва сода намудани расмиёти тиҷоратӣ, бахусус, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баҳр дастрасӣ надорад, хеле муҳим аст. Аз ҷумла, рушди ҳамкории нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташкили долонҳои кӯтоҳ ва мувофиқи нақлиётӣ, афзоиши ҳамлу нақли транзитӣ муҳимтар аст. Аз ин рӯ, бо мақсади татбиқи якҷояи созишномаҳое, ки дар мулоқоти якуми вазирони нақлиёт дар доираи «Чин–Осиёи Марказӣ» ба даст оварда шудаанд ва ҳамзамон, ҳавасмандгардонии ҳамкории фаъол байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Аврупо дар соҳаи нақлиёт дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат хоҳад кард.

Ин лоиҳаи бузург барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар пешрафти мамлакат хеле муҳим ҳисобида мешавад. Бо мақсади таъмини раванди рушди устувори иқтисоди миллӣ системаи мукаммали банақшагирии стратегӣ фаъол гардонида шуда, инчунин барои таъмини рушди устувори он дар асоси дурнамои макроиқтисодӣ бо истифода аз моделҳои эконометрикии барномасозии миёнамуҳлат ва дарозмуддат заминаи устувор хоҳад гузошт.

Имрӯз дар ин самт ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ байни ду кишвари дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои тарафҳо як қатор шарномаҳо баста шудааст. Аз ҷумла, бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Қалъаи Хумб–Ванҷ–маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон» бо дарозии 92 километр амалӣ карда мешавад, ки ба рушди минбаъдаи гузаргоҳ мусоидат хоҳад кард.

Дар солҳои пас аз пандемия Ҷумҳурии Мардуми Чин тавонист, ки ин мамлакатро яке аз кишварҳои рақобатпазир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дар баробари ин, бо сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти давлатҳои дунё, молу маҳсулоти ин мамлакат бештаре аз бозорҳои (на танҳо дар бозори Осиё, балки дар қисми зиёди бозорҳои Аврупо низ харидор доранд) ҷаҳонӣ рақобатпазир гарданд. Тибқи таҳлили коршиносони чинӣ, рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи як дарсад ба баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки 0,3 дарсад афзоиш кунанд.

Афзалиятҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин метавонанд дар самти энергетика (махсусан истеҳсол аз неруи барқароршаванда) афзоиш ёбанд. Гузашта аз ин Чин, ки худ аз захираҳои гидроэнергетикӣ ғанӣ аст, метавонад ба иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд, ки ин самтро боз ҳам ба яке аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду мамлакат роҳандозӣ мекунад. Дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ низ ин мамлакат бо мамлакати мо ҳамкории густурда дорад. Ба истифода додани хатти интиқоли барқи 500 киловатаи «Ҷануб-Шимол» ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа, шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин бо кумаки Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлоли энергетикиро то андозае осон намуд.

Дурнамои минбаъдаи ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бошад, бо татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» алоқамандии бениҳоят назаррас дорад. Бо дарназардошти динамикаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осиёи Марказӣ, метавон гуфт, ки нуфузи он дар ин минтақа танҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамин тариқ, метавон иброз намуд, ки рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад. Ҳоло ҳар ду мамлакат ҳамчун шарикони боэътимод ҳамкорӣ мекунанд. Дар айни замон, шарикии онҳо сол то сол густариш меёбад ва ҳоло он хусусияти шарикии стратегӣ пайдо кардааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 23, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст