Тоҷикистон ва Русия масъалаи ба роҳ мондани даврҳои омӯзиши мутахассисони тандурустӣ ва фарматсевтиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд мулоқоти дуҷониба анҷом дод, аз ҷумла дар Намояндагии доимии Федератсияи Русия дар назди ташкилоти Созмони Милали Мутаҳид баимзорасии «Харитаи роҳ» оид ба мусоидат ба амалисозии Созишномаи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти тиббӣ ва илм доир шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки нақшаи корӣ бо муайян гаштани афзалияти аввалиндараҷа таҳия гашта, он ба масоили ба роҳ мондани даврҳои дароз ва кӯтоҳмуддати омӯзиши мутахассисони тандурустӣ ва фарматсевтӣ мусоидат менамояд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 27 май то 1 июн дар шаҳри Женеваи Швейтсария иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода иштирок намуд.
Ҳамзамон дар доираи интихоботи навбатии директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо вохӯрии ғайрирасмии директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барпо гардид.
Гуфта шуд, ки маросими интихобот моҳи октябри имсол дар шаҳри Копенгагени Шоҳигарии Дания гузаронида мешавад ва аз намояндагони давлатҳои аъзо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин маъракаи муҳим иштирок намоянд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Кумитаи генералии Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаласаҳои алоқаманд таҳти роҳбарии академик Саломудин Юсуфӣ иштирок намуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






