ТОБИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи аввали фасли тобистон — июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ пасттар пешгӯӣ карда мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ шуда, ҳавои ин моҳ ба соли 2009 монандӣ дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.
Моҳи июн дар шаҳри Душанбе ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво аз 17 то 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар даҳрӯзаи аввали моҳ дар водиҳои вилояти Хатлон ҳаво аз 15 то 32 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ то 35 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо то 39 дараҷа гарм, дар рӯзҳои алоҳида то 42 дараҷа гармӣ дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар рӯзҳои алоҳида шиддати вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Моҳи июн дар вилояти Суғд ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 14 то 27 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 17 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳаво то 23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво то 29 ва дар баъзе ноҳияҳо то 35 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, то 4 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 13 то 20 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
АКС аз Дидор Саъдуллоев








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






