«Ваҳдати миллӣ ба зиндагии мо файзу баракат овард!», — бардошт аз ҳамоиши фарҳангӣ дар ноҳияи Шуғнон

Июнь 24, 2024 11:14

ДУШАНБЕ. 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар ноҳияи Шуғнон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз намуд, ки « Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи мамлакати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, он ҷашни баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ маҳсуб шуда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати миллати хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро собит месозад. Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд».

Гуфта шуд, ки маҳз сулҳу оромӣ имконият фароҳам овард, ки ба амалисозии ҳадафҳои стратегӣ, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва густариши шабакаҳои коммуникатсионӣ шуруъ намоем.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд: «Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азоб, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва басҳои дуру дароз расида, оқибат осоишу амнияти мамлакатро таъмин намудем».

Иштирокдорони ҳамоиш иброз намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ба халқи тоҷик неруву тавон, сабру таҳаммул, файзу баракат , ҳиммати ҷавонмардона ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб халқи мо боз ҳам муттаҳидтар шуда, даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд ва барои суботи устувор ва оромии ватанамон софдилона заҳмат мекашанд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 24, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд