«Ваҳдати миллӣ — таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободӣ», — бардошт аз ҳамоиш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки: «Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азоб, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва басҳои дуру дароз расида, оқибат осоишу амнияти мамлакатро таъмин намудем». Дар ҳақиқат, сулҳу субот дар ҷумҳурии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани сулҳу амнияти мамлакат бояд мо, ҳар як фарди солимфикри мамлакат дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ваҳдати миллиро таҳким бахшему баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодиамон талош намоем. Ин матлаб 24 июн зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-таҳкимбахши давлати миллӣ», ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки «дар ҳақиқат ҳам, ваҳдати миллӣ барои мо, тоҷикон дар шароити ҷаҳони муосир, ки давлатҳои миллии тозаистиқлол бо сабаби таъсири омилҳои зиёди берунию дохилӣ хеле осебпазиранд, роҳи ягонаи таъмини истиқлолияти комили давлатӣ, устувору бебозгаштсозии он дар тамоми соҳаҳо ва василаи муҳимтарини дастёбӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ мебошад. Танҳо ваҳдати миллӣ имрӯз метавонад, ки умеду орзуи моро барои ояндаи шукуфони давлату миллат тақвият бахшад».
«Маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки мояи ифтихор аст»,-афзуд Ректори Донишгоҳ.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2015 дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид намуданд: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».
Дар анҷом аз ҷониби устодон доир ба таҳкими ваҳдати миллӣ маърузаҳо пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






