ВАРЗИШ — ҚОСИДИ СУЛҲ. Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дави миллӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дави миллӣ доир шуд, ки дар он қишрҳои гуногуни ҷомеа баҳри таҳкими сиҳатии аҳолӣ ва оммавӣ гардидани варзиш иштирок намуданд.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур аз назди майдони Исмоилӣ Сомонӣ оғоз гардида, дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Хоруғ ба охир расид .
Ҳадафи асосии дави миллӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани робитаи дӯстиву бародарӣ, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлолият, якпорчагию якмаромии миллат мебошад.
Гуфта шуд, ки давидан аз ҷиҳати тиббӣ барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғуланд, чусту чолок, ҷасуру моҳир мегарданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо ин мақсад барномаҳои зиёди давлатӣ амалӣ мешаванд. Дави миллӣ ин калонтарин ва боҳашаматарин чорабинии мардуми тоҷик аст, ки дар мамлакат бахшида ба санаҳои таърихӣ баргузор мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон










Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






