ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО «СУҒД-2024». Дар доираи он тавсеаи равобит дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар ҳошияи 10-умин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо як зумра намояндагони сатҳи баланди мамлакатҳои иштирокчӣ мулоқот намуд, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, саноату кишоварзӣ изҳори андеша намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни мулоқот бо ҳайти вилояти Пензаи Федератсияи Русия таҳти роҳбарии губернатори вилоят Олег Мелниченко, ки дар шаҳри Гулистон баргузор шуд, роҳбарони ду вилоят барои таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду вилоят изҳори омодагӣ намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистону Русия шарикони стратегӣ буда, бо сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ҳамкории минтақаҳои ду мамлакат низ тавсеа меёбад.
Раиси вилоят вобаста ба имконияҳои вилояти Суғд маълумот дода, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ кард.
Таъкид шуд, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» майдони хубе барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба буда, дар назар аст, ки соҳибкорони ду вилоят ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Ҳамзамон 18 июн Раиси вилояти Суғд бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Шавкатҷон Абдуразоқов ва ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҳокими вилояти Тошканд аз таҳкими муносибатҳо бо вилояти Суғд истиқбол карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар доираи Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» байни соҳибкорони вилоятҳо шарномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи «Харитаи роҳ», ки дар ҷараёни сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тошканд байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳукумати вилояти Тошканд имзо шуда буд, ба рушди ду вилоят такони нав мебахшад.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз тақвияти робитаҳои дӯстона бо вилоятҳои Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол карда, барои боз ҳам тавсеа ёфтани муносибатҳо омодагии худро изҳор дошт.
Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду вилоят метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахшро амалӣ созанд.


Ёдовар мешавем, ки 18-19 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд 10-умин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» баргузор мешавад. Дар ярмаркаи мазкур, ки 18 июн ба кори худ оғоз намуд, беш аз 500 меҳмон аз дохил ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла намояндагони корпусҳои дипломатии Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Озарбойҷон, Беларус, Туркманистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Эрон, Словакия, Лаҳистон ва Покистон иштирок доранд.
Ҳамзамон роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Нижегород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск ва Воронежи Федератсияи Русия, шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, вилоятҳои Тошканд, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ дар ин ярмаркаи байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Ҳадафи ярмаркаи мазкур дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд






