ЗАНОН-НЕРУИ СОЗАНДА, ТАРБИЯТГАР ВА ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 13, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Занон-неруи созанда, тарбиятгар ва таҳкимбахши ваҳдати миллӣ»-таҳти чунин унвон 12 июн дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд, иштирокдорон иброз доштанд, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гардид. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии ҷумҳурӣ, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Миллат дар ҳар марҳилаи таърихӣ ва таҳаввул вобаста ба муҳиту шароит ва мушкилоти дохиливу хориҷӣ бо вазъияти хосе дучор мешавад, ки бояд аз он ба хотири рушду пешрафт ва ҳифзи мақом ва бақои хеш роҳи раҳоиро дарёфт кунад.

Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармо бошад, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёт,  фарҳанг ва сиёсаташ пеш меравад.

Ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ва воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Июнь 13, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид