1 август дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 10:00 доир мегардад.
Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод соати 08:00 ва дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ соати 08:00 барпо мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






