35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 20.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт бинои иловагии мактаби деҳа сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бинои иловагӣ аз 8 синфхона ва 4 утоқи фаннӣ иборат буда, он дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулҳамид Ҷӯраев сохта мешавад. Бо ташаббуси оилаи Ҷӯраевҳо, ҳамзамон ба масофаи 7 километр хати об кашида, ба мактаб об оварда шудааст.
Раиси вилояти Суғд барои амалисозии иқдоми созанда ба соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал назаррас арзёбӣ кард.
Дар деҳаи мазкур аз ҷониби ин соҳибкор ҳамзамон бинои нави бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, сохтмони он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони соҳаи тиб шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
АКС:Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад






