8 июл дар якчанд ноҳияҳои вилояти Суғд сел омад

Июль 9, 2024 14:52

ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл,  соати 13:15  дар натиҷаи  боронҳои шадид дар ҳудуди деҳаи Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнии вилояти Суғд сел омад, ки 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин дар ин рӯз,  соати 16:00,  баъди боришоти шадид дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт сел омад. Дар натиҷаи омадани  сел қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байни деҳа хароб гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди деҳаи Мазори Шарифи Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент низ сел роҳи байни деҳро, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса техникаи вазнини муҳандисии хадамоти роҳи шаҳр сафарбар карда шуда, корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Июль 9, 2024 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст