8 июл дар якчанд ноҳияҳои вилояти Суғд сел омад
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл, соати 13:15 дар натиҷаи боронҳои шадид дар ҳудуди деҳаи Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнии вилояти Суғд сел омад, ки 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 16:00, баъди боришоти шадид дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт сел омад. Дар натиҷаи омадани сел қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байни деҳа хароб гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди деҳаи Мазори Шарифи Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент низ сел роҳи байни деҳро, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса техникаи вазнини муҳандисии хадамоти роҳи шаҳр сафарбар карда шуда, корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд.
Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад








Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид






