Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор дар соли равон беш аз 2 миллиард сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор 2 миллиарду 20,9 миллион сомониро ташкил дода, суръати рушд ба 114 фоиз баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 245,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 102,9 фоиз, кишоварзӣ 103,3 фоиз, гардиши савдои чакана 120 фоиз афзоиш ёфта ва ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳр мусоидат намудааст. Дар ин хусус дар шаҳри Ҳисор дар ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид,таъкид шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 106 миллиону 788 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷет 109 миллиону 444 ҳазору 429 сомонӣ ворид гардид, ки 102,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 2 миллиону 656 ҳазору 429 сомонӣ зиёд мебошад.
Муовини Сарвазири мамлакат доир ба мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатарҳои ҷангу гуруснагӣ дар баъзе давлатҳо ва таъсири он ба иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла ҷумҳуриамон изҳори назар кард. Таъкид шуд, ки натиҷаҳо назаррас бошанд ҳам, дар баробари пешравиҳо, самти иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳр аз камбудиву норасоиҳо орӣ нест ва вобаста ба камбудиҳое, ки пешниҳод гардид, тавсияву пешниҳодҳои мушаххас баён дошт.
Дилрабо Мансурӣ дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аввалиндараҷа маънидод карда, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ даъват намуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ «Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024», мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, бо олимон ва кормандони маориф, инчунин, Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026, Нақшаи генералӣ ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор роҳандозӣ карда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва ободониро вусъат бахшем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд






