Агентии обуҳавошиносӣ: «Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2014 монанд мебошад»
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2014 монанд мебошад.
Тавре дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар моҳи июл боришот аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Моҳи июл дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳаво аз 25 то 42 дараҷа гарм мешавад.
Дар водиҳои вилояти Хатлон моҳи июл ҳаво аз 31 то 42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо аз 27 то 38 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ ҳаво то 29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ гармӣ то 19 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯй шуда, дар водиҳо аз 31 то 41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 20 то 32 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ кам ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои водибуда чангу ғубор ба амал меояд.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 23 дараҷа гарм дар назар аст. Дар давоми моҳ аз 23 то 35 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 39 дараҷа гарм мешавад. Боришоти борон ва ба амал омадани раъду барқ дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ дар назар аст.
Моҳи июл дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Ҳаво рӯзона аз 10 то 22 дараҷа ва шабона аз 6 то 13 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар рӯзҳои алоҳида боридани борон дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






