Ҳайати Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон бо фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос гардид

Июль 26, 2024 16:37

ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории илмию эҷодӣ, омӯзишӣ ва таҳқиқоти ҳуқуқи инсон, имрӯз ҳайати Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон бо роҳбарии узви доимии кумита, муовини раиси Комиссия вобаста ба корҳои миллӣ ва динии Шурои умумичинии машваратӣ-сиёсӣ, муовини раиси Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон Тзян Тезяго, директори иҷроияи Маркази тадқиқоти ҳуқуқии инсон дар Донишгоҳи Чжунънан профессор Мао Сзюнсян ва аъзои раёсати ҷамъияти чинӣ оид ба таҳқиқи инсон, муовини директори Институти журналистика ва коммуникатсияи донишгоҳи Сзинан, профессор Чжэн Лян ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, робитаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии донишгоҳ шинос намуд. Ҳамзамон бо таваҷҷуҳи меҳмонон дар самти фаъолияти факултети ҳуқуқшиносӣ ва кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ инчунин, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий маълумоти мухтасареро манзур намуд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша намуда, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинае мебошад, ки дар асоси он рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон муайян мешавад.

Дар навбати худ муовини раиси Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон Тзян Тезяго ҳадафи ташрифро дар мустаҳкам намудани омӯзиши забони чинӣ ва тадқиқоти ҳуқуқии инсон, густариш бахшидани ҳамкорӣ дар самти ихтисосҳои ҳуқуқ арзёбӣ намуд. Дар робита ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми таълим ва раванди забономӯзӣ дар ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва зарурияти ҷалби ҷавонон ба ҳалли масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон, масъалаҳои ҳуқуқи инсонро бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар самти такмили донишҳои ҳуқуқӣ машваратҳои судмандро баён менамояд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июль 26, 2024 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид