Ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо кард
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо дар доираи сафараш ба Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳонаш ба шаҳри Ҳисор ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Меҳмонон Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, хусусан гӯшаҳои таърихии он, Арк ва дарвозаи «Қалъаи Ҳисор», Қасри Ҳоким, Аскархона, Амфитеатр, мадрасаҳои Куҳна ва Нав, Масҷиди Сангӣ, осорхонаи Мамнуъгоҳ ва дӯкону растаҳои ҳунармандиро тамошо намуданд.
Дар Масҷиди Сангӣ, ки тибқи махзанҳои таърихӣ, дар асри 8-уми мелодӣ, замони салтанати Кутайба ибн Муслим дар Хуросон бунёд ёфтааст, меҳмонон бо лоиҳаи таъмиру эҳёи масҷид шинос шуданд ва барои обод намудани он ҳавасмандии худро иброз доштанд.
Инчунин ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ ба соҳаи кишоварзии шаҳр мароқ зоҳир карда, аз хоҷагиҳои кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши сабзавоти гуногун ва боғҳои мева дар Ҷамоати деҳоти «Мирзо Ризо» рафта, аз таъму шаҳди меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза лаззат бурданд. Инчунин дар боғи зимистонаи «Шаршара» барои меҳмонон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор











Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






