AJP TOUR TAJIKISTAN. Дар Душанбе нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе нахустин маротиба Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу AJP TOUR TAJIKISTAN баргузор шуд. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмиллалии AJP баргузор шуд.
Дар мусобиқа зиёда аз 309 варзишгар аз 6 давлати қитъаи Осиёву Аврупо иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷиу-ҷитсу як навъи варзиши бразилиягӣ буда, дар олам маъмул гашта, намуди эътирофшуда ва дар бозиҳои Осиёи шомил мебошад.
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон навтаъсис буда, дар фаъолияти кутоҳтарин мавқеву манзалати худро пайдо намуд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва масъулини Федератсияи ҷиу ҷитсуи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории мусобиқаи байналмилалӣ се нафар қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҷиу ҷитсу бо ҷоизаи беҳтарин варзишгар қадрдонӣ шуданд.
Инҳо Абдураҳмони Баҳромҷон қаҳрамони ҷаҳон байни калонсолон, Шаҳром Маҳмуродов қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон ва Сомон Турсунзода қаҳрамони ҷаҳон байни наврасон мебошанд.
Ҳамзамон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалӣ бо медалҳои таъсисдодаи Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






