АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД». Дар 6 моҳи соли равон 62 адад силоҳи сард мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалиёти шартии «Корд» давоми 6 моҳи соли равон, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз наврасон дар умум 62 адад ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, махсусан корд аз ҷониби наврасон, дар бештари маврид оқибат ба ҷиноятҳои фалокатбор меанҷомад. Маҳз бо мақсади пешгирии сар задани чунин муноқишаҳо аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт давоми чанд соли охир амалиёти шартии «Корд» гузаронида мешавад.
Нигаронкунанда он аст, ки 60 адади чунин ашёҳо маҳз аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шуда, нисбат ба волидайни онҳо, тибқи моддаи 90 –и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуд.
«Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз кулли волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбия наврасон масъуланд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва дар таътили тобистона онҳоро ба хондани китобҳои бадеию иҷрои амалҳои манфиатбахш сафарбар намоянд»,-изҳор доштанд дар раёсати номбурда.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






