Ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тақвият меёбад

Июль 16, 2024 11:46

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP)  15 июл зимни мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳoким Холиқзода бо маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Зимни мулоқот доир ба мавзуъҳои муҳими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла обу энергетика, ҳифзи пиряхҳо, ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва иҷрои афзалиятҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Ҷонибҳо тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳама самтҳо, бахусус дар доираи Барномаи кишварӣ барои солҳои 2023-2027 дар бахшҳои рушди устувори иқтисодӣ, иқтисоди сабз, мавзуи обу иқлим, инчунин дар чорчӯби «Раванди оби Душанбе» зарур донистанд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 16, 2024 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд