Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид

Июль 13, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳoким Холиқзода дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA)  Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Зимни мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи  муштарак, аз ҷумла обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид.

Дар баробари ин вобаста ба истифодаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва манфиати он ба минтақаи Осиёи Марказӣ низ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкории судманд иброз доштанд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 13, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд