Ҷамолиддин Абдуллозода дар Форуми шашуми тандурустии байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми шашуми тандурустии байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар доираи Саммити панҷуми «Як камарбанд, як роҳ» баргузор гашт, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва сухан намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар форум масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар бахшҳои илм, омодасозии мутахассисони баландихтисос, рақамикунонии соҳа, беҳтар намудани хизматрасонии беморхонавӣ, ба роҳ мондани табодули таҷриба байни табибони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар суханронӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо назардошти сол то сол зиёд гардидани маблағгузории давлатӣ вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат беҳтар гардида истодааст.
Дар доираи иштирок дар форуми мазкур ҳамзамон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор беморхонаҳои шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин рафта, бо фаъолияти онҳо шинос шуд. Ҷамолиддин Абдуллозода бо табибони Тоҷикистон, ки дар ин ҷо ба такмили ихтисос ва машғулиятҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, суҳбат анҷом дода, аз онҳо даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгардида баҳри баланд бардоштани донишу таҷрибаи худ тамоми кушишу талоши хешро равона созанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






