Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши барҷаста дорад»
ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳамкории Тоҷикистонро бо Созмони Милали Муттаҳид намунавӣ арзёбӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Антониу Гутерриш таъкид намуд, ки Тоҷикистон иқдомҳоеро пеш гирифтааст, ки хеле назаррас мебошанд.
«Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста дорад, — гуфт Антониу Гутерриш. — Мо ҳаргиз он иқтидор, неру ва фаъолияти бевоситаи Тоҷикистонро ҷиҳати дар тамоми дунё баррасӣ намудани масъалаи об фаромӯш намекунем».
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки бо ташаббуси шумо мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро амалӣ менамоем.
Антониу Гутерриш ҳамчунин эъломияи аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал қабулгардидаро ҳуҷҷати муҳим номида, иброз дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид хостори татбиқи натиҷаҳои конфронс бо Тоҷикистон аст.
Ёдовар мешавем, ки 10-13 июни соли 2024 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои конфронс Эъломияи Душанбе қабул карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






