«Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон» маҳсулоти заргарии мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд

Июль 21, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 21.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон» ба истифода шуд. Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, дар як сол иқтидор дорад то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир дар ҳамин ҷой истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.

Бо амалӣ гардонидани ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон» тибқи лоиҳа 65 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Корхона аз ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва дигар коргоҳҳо иборат мебошад. Хатҳои нави технологии корхона имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ коркард ва аз он маҳсулоти заргарии мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.

Корхонаи саноатӣ аз ду бинои ду ва се ошёна иборат буда, ҳудуди он, ки 30 садякро ташкил медиҳад.Дар ҳамин мавзеъ таъсиси ҳамин гуна 4 корхонаи саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 16 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Душанбе ҷиҳати истихроҷу коркарди металҳои қиматбаҳо дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 супориш дода буданд, ки ҷиҳати таъсиси 4 корхонаи коркарди металҳои қиматбаҳо то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад