Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳайати намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар машваратҳои Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили муҳимми аҳамияти ҷаҳонидошта мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Тафсилоти бештар дар ин мавзуъ пешниҳод мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






