Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 7 нафар дар озмуни эссеи беҳтарини Туркманистон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Аҳамияти ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ барои таъмини сулҳ ва амният дар сайёра»-таҳти чунин унвон аз ҷониби Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон озмуни эссеи беҳтарин баргузор гардид. Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни мазкур 7 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҳавасмандагрдонии ғолибони ин озмун доир гардид. Дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймурад Кочмурадов иброз намуд, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур тақвияти дӯстии ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ба озмуни зиёда аз 80 мавод аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ирсол гардида, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 мавод пешниҳод карда шуд.
Бояд гуфт, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “Дарҳои кушода”-ро пеш гирифт.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сол то сол самти муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳро рушд дода, барои устодону донишҷӯён имконияти бештари муаррифии илми ватаниро дар арсаи ҷаҳонӣ муҳайё сохтааст.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






