Аз ҷониби Пешвои миллат ба кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо нақлиёти хизматӣ тақдим гардид

Июль 4, 2024 16:15

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар Данғара, Фархор, Кӯшониён, Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Шоҳмансур ва  Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзоб, Тоҷикобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав  нақлиёти хизматӣ  тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Калиди мошинҳоро ба раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

Ҷавобан ба ғамхории  Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо тасмим гирифтанд, ки фаъолияти ҳизбии худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, барои боз ҳам дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Бояд гуфт, ки соли равон 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Тӯли ин солҳо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузошта, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ фаъолияти бориз доранд.

Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бомаром ҷараён дошта, тайи ду соли охир 12 бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сохта ба истифода дода шуда, айни замон сохтмони 8 бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизб босуръат идома дорад.

Фароҳам овардани шароити муассисаҳои корӣ барои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври ҳамешагӣ таҳти ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июль 4, 2024 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд