Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд

Июль 27, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои дар сатҳи баланд доир шудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018– 2028», ки 10-13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, тадбирҳои зарурӣ андешид. Мояи ифтихор аст, ки ин чорабинии сатҳи баланд аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Ин матлабро Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ баён дошт.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташвиқу тарғиби ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об ва ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз сӯи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардидаанд, саҳми муносиб мегузорад.

Гуфта шуд, ки дар доираи конфронси мазкур, вазорат дар якҷоягӣ бо шарикони рушд, як қатор форумҳо ва ҷаласаҳои канориро ташкил ва баргузор намуд.

Баргузории Форуми сеюми минтақавии ташкилотҳои ҳавзавии Осиёи Марказӣ, Форуми Осиёи Марказӣ «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми Африқо, чорабинии канорӣ «Рушди суръат – аз COP 28 то COP 29» – беҳтар намудани натиҷаҳои об барои амалҳо ба тағйирёбии иқлим, чорабинии канорӣ «Нақши ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон ҷиҳати ноил гардидан ба мақсад ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва инчунин ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об аз ҳамин қабиланд.

Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳи конфронс, гӯшаи Вазорати энергетика ва захираҳои об ташкил карда шуда, дар он таҷрибаи Тоҷикистон дар идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ташаббусҳои глобалии мамлакат дар соҳаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, иқтидори энергияи барқароршавандаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, гидроэнергетика, энергияи офтоб ва энергияи бод муаррифӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар кори Конфронси оби Душанбе беш аз 70 ҳайати расмии баландпояи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва 200 созмони байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.

Дар маҷмуъ, конфронси Душанбе мизбони тақрибан 2500 ширкаткунанда аз ҳисоби намояндагони сатҳи баланди давлатҳои узв, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ҷомеаҳои шаҳрвандӣ аз саросари дунё гардида, дар давоми се рӯз масъалаҳои мубрами соҳаи обро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд