Байни Душанбе ва Лондон роҳи ҳавоӣ ифтитоҳ мегардад

Июль 24, 2024 14:44

ДУШАНБЕ,24.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда барқарор намудани парвозҳои мустақими ҳавоӣ бо давлатҳои Аврупоӣ, аз ҷумла бо Британияи Кабир дар масири Душанбе — Лондон ба нақша гирифта шудааст ё не? Дар посух ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар», директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз дар нишасти матбоутӣ посух дода, гуфт, ки «Лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ» барои ба имзо расонидан омода мебошад».

Ҳабибулло Назарзода афзуд, ки 12-13 августи соли равон ҳайати мақомоти авиатсионии Тоҷикистон –Агентии аваитсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Лондон сафар намуда, масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Лондон баррасӣ менамоянд ва аз натиҷаи он Протокол ба имзо расонида мешавад.

Интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, парвозҳоро дар масири Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон –«Сомон Эйр» ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии «British Airways» анҷом диҳанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид