Байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳум ҷиҳати рушди ҳамкории авиатсионӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ,10.07.2024/АМИТ «Ховар»/. «Ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ, ки 2 июли соли равон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ҷиҳати боз ҳам рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании мамлакат нақши муҳим мебозад». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласи ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2024 Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ оид ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳои мамлакат, сазовор ҷашн гирифтани 33 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳои миллӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 100 -солагии Рӯзи таъсисёбии авиатсияи миллӣ, нашри китоби ҷашнӣ ва газетаи соҳавӣ, рушди соҳаи авиатсия, дар муддати муқарраршуда таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба масъулини соҳаи авиатсияи гражании мамлакат дастур доданд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






