Беш аз 13 ҳазор гектар заминҳои корам дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд

Июль 17, 2024 18:00

ВОСЕЪ,17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 13 ҳазор гектар заминҳои корам дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд, ки зиёда аз 7 ҳазори он ба ноҳияи Восеъ рост меояд. Давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳҳои обкашӣ дар ин ноҳияҳо таъмиру таҷдид гардида, мушкилот дар самти обрасонӣ ба кишоварзон ҳалли хешро пайдо кардааст.
Сардори пойгоҳи обкашии Ҷануб-1-и ноҳияи Восеъ Холмурод Холмирзоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода гуфт, ки дар доираи як лоиҳаи давлатӣ, пойгоҳи обкашии мазкур чун дигар пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Восеъ, Фархор ва шаҳри Кӯлоб таъмиру таҷдид карда шуданд. Дар онҳо таҷҳизоту лавозимотӣ муосир ва агрегатҳои пуриқтидор васл гардиданд. Ҳоло пойгоҳи обкашии Ҷануб-1 бе мушкилӣ фаъолият дорад ва ҳамарӯза бо дархости ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об хоҷагиҳои деҳқониро бо оби полезӣ таъмин менамоянд.
Дар ноҳияи Восеъ беш аз 7 ҳазор гектар заминҳои корам ба воситаи насосҳо обёрӣ карда мешавад ва таъмиру навсозии пойгоҳҳои обкашӣ мушкилоти деҳқононро дар дастрасӣ ба оби полезӣ осон хоҳад кард. Дар баробари ин, Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия аз рӯи нақша заҳбуру заҳкашҳоро тоза карда, иншооти обрасониро аз таъмир баровардааст. Обанбори селбур, ки ғунҷоиши беш аз 20 миллион кубаметр обро дорад, таъмир карда мешавад ва дар мавсими обрасонӣ хоҷагиҳои ду ҷамоатро бо об таъмин менамояд.
Бо фароҳам омадани шароит кишоварзони ноҳияи Восеъ мақсад доранд кишти такрориро аз нақшаи дурнамо зиёд намоянд ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳанд.

АКС :АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид