БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд

Июль 27, 2024 07:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июли соли 2024 маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор шуд. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон низ дар гузашти ҳайатҳои олимпӣ иштирок намуд. Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон паҳлавони маъруф  Темур Раҳимов буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Оташи олимпиро дзюдочӣ Тедди Ринер ва даванда Мари-Ҷозе Перек фурӯзон карданд.

Сипас президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 Тони Эстанге, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин барномаи ҳунарӣ низ пешниҳод гардид.


Бояд гуфт, ки дар Бозиҳо аз 32 намуди варзиш 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд.  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқот  14 варзишгар,  аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ менамоянд.


Дар баробари Темур Раҳимов (ҷудо, вазни +100 кг) дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ,  инчунин 5 ҷудочии дигари тоҷик, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг иштирок менамоянд.

Дар риштаи бокс давлати моро се муштзан — Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг муаррифӣ хоҳанд намуд.


Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук, дав ба масофаи 100 метр, Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни +67 кило ва Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 74 кило Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Имрӯз дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин шуда Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс рақобатро оғоз менамояд. Рақиби ӯ варзишгар аз Булғористон Радослав Реносов мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 27, 2024 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд