Дар Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон оид ба моҳияти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ машварати омӯзишӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бо иштироки кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ машварати омӯзишӣ дар мавзуи «Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ 6– навгонӣ ва тағйиротҳо» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Ассосиатсияи бонкҳо хабар доданд, ба иштирокчиён аз тарафи лекторон- мутахасисони Бонки милии Тоҷикистон ва Институти ҷамъияти бухгалтерон ва аудиторони касбии Тоҷикистон оид ба моҳияти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, принсипҳо ва шаклҳои ҳисоботи молиявӣ, аз ҷумла дар бораи ҳолати молиявӣ, фоида ва зарар, маҷмуи даромадҳо, тағйирёбии сармояи худӣ, гардиши воситаҳои пулӣ ва инчунин дигар навгониҳо ва тағйиротҳо дар қисмҳои ҳисоботи молиявӣ маълумоти пурра доданд.
Инчунин аз ҷониби лекторон роҳҳои стандартишудаи тавсифи нишондиҳандаҳои молиявӣ ва ҳолати молиявии ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод шуд, ки ҳисоботи молиявии ташкилотҳои қарзиро дар сатҳи байналмилалӣ фаҳмо ва муқоисашаванда мегардонанд.
Зимни ифтитоҳи машварати омӯзишӣ Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Ҷунайдулло Шарафов иброз дошт, ки мақсади асосии ҳисоботи молиявӣ ба саҳмдорон ва дигар нафарони манфиатдор ин пешниҳод намудани маълумотҳо оид ба ҳолати молиявӣ, натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва гардиши воситаҳои пулии ташкилотҳои қарзӣ дар доираи стандартҳои байналмиллалии қабулшуда, ки аз тарафи Бунёди стандартҳои ҳисоботи молиявӣ ва Шурои стандартҳои байналмилалии ҳисоботи баҳисобгирӣ (IASB) таҳия шудаанд ва зиёда аз 120 давлати дунё эътироф кардаанд ва Тоҷикистон низ ба ин мамлакатҳо шомил аст, мебошад.
АКС: Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон








Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд






