Дар доираи «Лоиҳа оид ба асосҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид

Июль 3, 2024 09:56

ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар бораи ҳамкорӣ дар доираи «Лоиҳа оид ба асосҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, баимзорасии Ёддошти ҳусни тафоҳум 2 июл дар «Маҷмааи Хуталон» дар ҳошияи Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Ёддошти мазкурро Вазири корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки 2 июл дар «Маҷмааи Хуталон» Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Ҷаласа нахустин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар доираи мамлакатҳои узви электорат бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарияти Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии Конфедератсияи Швейтсария, Полша, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва ғайра иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо марбут ба вазъи иқтисодии давлатҳои аъзо, татбиқи сиёсати фискалию монитарӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2024 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд