Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 19 кВт ба истифода дода шуд

Июль 25, 2024 17:56

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати ташаккул ва рушди стратегияи «иқтисоди сабз» дар мамлакат ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 19 кВт сохта ба истифода дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода иттилоъ дод.

Ба гуфти ректори донишгоҳ, бо дарназардошти иқлими мусоиди Тоҷикистон, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун энергияи барқароршаванда хеле мусоид ва манфиатбахш мебошад.

Неругоҳҳои мазкур дар доираи ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ширкати ватании Тоҷикгидроэлектромантаж, ки яке аз ширкатҳои пешқадам дар самти энергетика ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, инчунин Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP) бунёд гардидааст.

Изҳор гардид, ки иқтидори неругоҳи барқи офтобӣ барои рӯшангардонии дохил ва беруни бино, ҳамзамон шабона чароғонкунии кӯчаи атрофи донишгоҳ равона гардидааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ аз рӯйи 36 ихтисоси барномаи бакалавриат, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 13 ихтисоси барнома доктор PhD ва 7 ихтисоси барномаи таҳсилоти олии дуюми касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ тайёр мекунад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 25, 2024 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд