Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи GIZ оид ба содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 июл ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода ва бо иштироки роҳбари лоиҳаҳои минтақавии GIZ Юдит Бланк, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот бояд ба се самти асосӣ – ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо равона гардад.
Бинобар ин яке аз омилҳое, ки бевосита барои татбиқи ин ҳадафҳо мусоидат менамояд, тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам дар ин самт ва ҷоннок намудани робитаҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки 5 июни соли 2024 Созишнома доир ба содагардонии савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) имзо гардид. Созишнома аҳамияти минтақавӣ дошта, маблағи умумии он 6.5 миллион евроро ташкил дода, 5 мамлакати Осиёи Марказиро дар бар мегирад.
Аҳлиддин Нуриддинзода аз ҳамкории мутақобилан судманд бо GIZ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар воқеъ баргузории ин ҷаласа ва дигар чорабиниҳои минтақавӣ дар доираи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бевосита ба пешбурди фаъолият дар самти содагардонии расмиёти савдо тавассути кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва дар натиҷа ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» дар соли 2023, аз ҷумла тадқиқоти вақти барасмиятдарории гумрукӣ ҳангоми содироту воридоти маҳсулот, таҳлили бизнес — равандҳо ва нақшаи чорабиниҳо то охири соли 2024 мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд.
Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ доир гардид, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






